Қарзи «Барқи тоҷик» ба 74%-и қарзи берунаи Тоҷикистон баробар аст

Қарзи умумии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. доллар) расида, ҳамин тариқ, ба ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, наздик мешавад. «Қарзҳои «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетика 2,7 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, – гуфт […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. доллар) расида, ҳамин тариқ, ба ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, наздик мешавад.

«Қарзҳои «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетика 2,7 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молияи ширкат Рустам Маҷидзода. – Ширкат бештар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (ҳудуди 655 млн. сомонӣ), нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» (беш аз 458 млн. сомонӣ) ва мақомоти андоз (194 млн. сомонӣ) қарздор аст».

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳҳо барқ харида, онро ба истеъмолгарони худ интиқол медиҳад. Ҳар як киловатти барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсолшударо ширкат бо арзиши 20,1 дирам ва «Сангтӯда-2»-ро бо нархи 25,6 дирам дастрас менамояд. Дар ҳамин ҳол, тарифи миёнаи барқ дар Тоҷикистон 24,6 дирамро ташкил медиҳад.

«Айни замон қарзи «Барқи тоҷик» дар маҷмӯъ ба 13,7 млрд. доллар расида, маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат ва ба муддати 25 сол дода шудаанд», – илова кард Маҷидзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.