Дастурҳои президент баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карда, ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супориш дод, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат ҳамчунин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминӣ дастурҳои мушаххас дод.

Дар кори машварат ба роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дода шуд, ки барои таъмини амнияти сартосарӣ, мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо чораҷӯӣ намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...