Ному насаби ҳалокшудагон дар роҳи Душанбе – Хуҷанд то ҳол маълум нест

Аз ҳодисаи тармафароиҳои зиёд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, ки бар асари он 9 нафар ҳалок шуданд, чанд рӯз сипарӣ шуда, вале ному насаби ҳалокшудагон то ҳол маълум нест. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора маълумот надоранд. Танҳо номи корманди милитсияи ҳалокшуда Саюмарс Гулмадов маълум аст, ки ҳангоми кӯшиши ёрӣ […]

Asia-Plus

Аз ҳодисаи тармафароиҳои зиёд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, ки бар асари он 9 нафар ҳалок шуданд, чанд рӯз сипарӣ шуда, вале ному насаби ҳалокшудагон то ҳол маълум нест. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора маълумот надоранд.

Танҳо номи корманди милитсияи ҳалокшуда Саюмарс Гулмадов маълум аст, ки ҳангоми кӯшиши ёрӣ ба одамон зери тарма мондааст. Ҷустуҷӯи боз як нафари зери тарма монда идома дорад.

КҲФ бо истинод ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки як тан аз қурбониёни тарма дар шаҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” Фариза Носирова, донишҷӯи Донишгоҳи тибии Данғара будааст. Вай бо ҷумла ҳароҳонаш ба идомаи таҳсил аз Хуҷанд ба Данғара бармегаштаанд. Чор тан бо фирор ҷон ба саломат бурдаанд, вале Фариза зери ғарами барф мондаву ба ҳалокат расидааст.

Сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсупова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки наҷотдиҳандагони Кумита рӯйхати ҳалокшудагонро дар даст надоранд, чунки ба масъалаи муайян кардани шахсияти фавтидагон ВКД машғул шуда, кормандони Кумита ба мардум кумак мекунанд.

Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилӣ изҳор медорад, ки рӯйхати ҳалокшудагон бар асари офати табииро дар даст надоранд. «Ин ҳодисаи куштор нест, ки мо шахсияти ҳалокшударо муайян намоем. Ин танҳо як ҳодисаи нохуш аст», – гуфтанд дар Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти КҲФ, шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти зиёд дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Ҷиргатол, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Дарвоз боз тарма фаромада, қитъаи роҳи аз километри 54 то 71-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд баста аст.

Барои тоза кардани роҳ аз барфрезаву тармаҳо хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions аз ҳарду тараф 6 адад техника ҷудо кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.