Пешниҳоди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба сармоягузорони Қатар

Тоҷикистон сармоягузорони Давлати Қатарро ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ даъват мекунад. Зимни муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар пойтахти Қатар муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки бахши гидроэнергетикии кишвар аз имконоти бузург бархӯрдор аст. Ба гуфтаи ӯ, аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ ба воҳиди майдон дар саросари ҷаҳон Тоҷикистон ҷойи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон сармоягузорони Давлати Қатарро ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ даъват мекунад.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар пойтахти Қатар муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки бахши гидроэнергетикии кишвар аз имконоти бузург бархӯрдор аст.

Ба гуфтаи ӯ, аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ ба воҳиди майдон дар саросари ҷаҳон Тоҷикистон ҷойи аввал ва аз лиҳози ин захираҳо ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Зикр гардид, ки аз рӯи захираҳои имконпазири гидроэнергетикӣ дар саросари дунё Тоҷикистон мақоми 8-умро касб карда, имконоти гидроэнергеткии ҷумҳурӣ 527 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор то ҳол камтар аз 5 фоизаш азхуд шудааст.

Ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон барои саҳмгузории сармоягузорони хориҷӣ 8 лоиҳаи махсус таҳия гардида, иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз 250 МВт то 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Дар Харитаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон омода шудааст, дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузургу миёна 34 лоиҳа ва ҳамчунин бунёди неругоҳҳои сершумори хурд пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, дар дарёи Панҷ – бунёди 12 нерӯгоҳи нав (бо иқтидори аз 100 ва зиёда аз он МВт), рӯдхонаи Зарафшон – 6 нерӯгоҳ (бо иқтидори то 210 МВт), дар дарёи Оби Хингов – 5 нерӯгоҳ, дар рӯдхонаи Сурхоб – 4 нерӯгоҳ, дар дарёҳои Мастчоҳ ва Вахш – 3-тогӣ нерӯгоҳ ва дар Амударё – 1 нерӯгоҳ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаҳои нисбатан бузургтар инҳоанд: сохтмони НБО Рӯшон дар дарёи Панҷ (иқтидори муқарраршуда 3000 МВт); сохтмони НБО «Дарвозаи Санги Хоро» дар дарёи Панҷ (2100 МВТ); бунёди НБО «Ҷумар» дар дарёи Панҷ (1900 МВт); бунёди НБО «Ширговат» дар дарёи Панҷ (1900 МВт); сохтмони НБО «Хостав» дар дарёи Панҷ (1200 МВт) ва НБО «Шӯроб» дар дарёи Вахш (900 МВт).

Айни замон дар тобеияти ширкати «Барқи тоҷик» 11 адад нерӯгоҳҳои бузургу миёна амал мекунанд, ки бузургтаринаш нерӯгоҳи Норак буда, боз 6 нерӯгоҳи барқи обии хурд низ фаъолият доранд. Ҳамчунин феълан сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар дарёи Вахш бо иқтисодори 3600 МВт идома дорад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ боз беш аз 200 нерӯгоҳҳои барқи обии хурд сохта шудаанд, ки ба сохтори «Барқи тоҷик» шомил нестанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.