Пешниҳоди бунёди иншооти нави муҳофизатӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Date:

Комиссияи ҳукумат, ки бо мақсади бунёди иншооти иловагии муҳофизатӣ ба омӯзиши қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чанок) машғул буд, ба хулосае расидааст, ки беш аз 5,5 километри ин роҳ ба иншооти иловагии муҳофизатӣ ниёз дорад.

Ба ҳайати ин комиссия супориш дода шудааст, ки масъалаи сохтмони галерея ё худ айвонҳои муҳофизатии иловагӣ дар километри аз 60 то 72-юм, аз мавзеи Майхӯра то Уштурро омӯхта, хулосаи худро пешниҳод намояд.

Муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагиии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ Алоуддин Аноятшоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки комиссия қитъаҳои ниҳоят хатарнокро омӯхта, ба хулоса омадааст, ки дар масофаи беш аз 5,5 километр сохтани галереяҳои иловагӣ зарур буда, хулосаҳо дар ин хусус ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Ба қавли Аноятшоев, тибқи хулосаи комиссия қитъаои бештар хатарнок барои тармафароӣ дар километри аз 64 то 69-ум ҷойгиранд, ки дар ин ҷойҳо дар навбати аввал сохтмони иншооти муҳофизаатӣ лозим аст.

Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Олимҷон Холдоров қайд кард, ки баъди супориши ҳукумат пажӯҳишгоҳ ба корҳои лоиҳакашии ин иншоот омода буда, сохтмони беш аз 40 галереяи нав дар қитъаҳои гуногун дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок 3 нақбу 24 галерея ва ҳамчунин дигар иншооти сершумори муҳофизатӣ мавҷуд аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...