Трамп аз ҷониби Русия ба Украина баргардонидани Қримро интизор аст

Шон Спайсер, сухангӯи Кохи сафед гуфтааст,  "Доналд Трамп, президенти ИМА ба таври возеҳ фаҳмонд, ки ҳукумати Русия бояд Қрими ғасбшударо баргардонда, аз хушунат дар шарқи Украина, аз ҷумла дастгирии ҷудоихоҳон даст кашад". Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Спайсер бар ин аст, ки президенти ИМА аз ҳама гуна амалҳои шиддатбахшандаи вазъ дар робита […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Шон Спайсер, сухангӯи Кохи сафед гуфтааст,  "Доналд Трамп, президенти ИМА ба таври возеҳ фаҳмонд, ки ҳукумати Русия бояд Қрими ғасбшударо баргардонда, аз хушунат дар шарқи Украина, аз ҷумла дастгирии ҷудоихоҳон даст кашад".

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Спайсер бар ин аст, ки президенти ИМА аз ҳама гуна амалҳои шиддатбахшандаи вазъ дар робита ба Москва худдорӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, "Трамп интизор дорад, ки муносибатро бо Русия беҳтар хоҳад кард".

Спайсер аз ҷумла ёдовар шудааст, ки Никки Хейли, намояндаи доимии ИМА дар СММ 3 феврал, ҳангоми ҳузури нахустинаш дар Шӯрои амният амалҳои Русияро қотеъона маҳкум карда, Қримро ҷузъи Украина хонд. "Хейли қайд кард, ки таҳримҳои марбути нимҷазира то баргаштани он ба ҳайати Украина бекор нахоҳанд шуд", – афзуд Спайсер.

Стивен Мнучин, вазири нави молияи ИМА низ гуфт, таҳримҳое, ки дар робита ба нооромиҳои Украина зидди Русия ҷорӣ шудаанд, бекор намешаванд.

Русия соли 2014 Қримро аз Украина ғасб кард. Қонунӣ будани пайвастани нимҷазираро ба ҳайати Русия ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф накард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.