Пешгӯии обуҳавошиносон доир ба барфрезиҳои навбатӣ дар Тоҷикистон

Обуҳавошиносон аз фарорасии обуҳавои номусоид рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта ҳушдор медиҳанд. «То 19 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боришоти зиёд, селфароиҳо ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо дар назар аст», – хабар медиҳад Агентии гидрометеорологияи Тоҷикистон. Гуфта мешавад, рӯзи 17 феврал дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, минтақаи ғарби ВМКБ ва ноҳияҳои кӯҳистони […]

Asia-Plus

Обуҳавошиносон аз фарорасии обуҳавои номусоид рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта ҳушдор медиҳанд.

«То 19 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боришоти зиёд, селфароиҳо ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо дар назар аст», – хабар медиҳад Агентии гидрометеорологияи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, рӯзи 17 феврал дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, минтақаи ғарби ВМКБ ва ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ барфи зиёд борида, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар минтақаи марказии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон, ҳамчунин дар ғарби ВМКБ барф меборад.

«Рӯзи 18 феврал дар робита ба боришоти зиёд, дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Файзобод, Ваҳдат ва Рӯдакӣ селфароиҳо дар назар буда, дар ҳавзаи дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои аз нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда сатҳи об боло меравад», – қайд мешавад дар маълумоти обуҳавошиносон.

Қобили зикр аст, ки бар асари барфрезиҳои ахир Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд дучор шуда, одамон зери тарма ҳалок, роҳҳо баста ва ба хоҷагиҳои хусусӣ зиёни зиёд расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.