Шаҳрдории Душанбе бо маоши камтар аз 100 доллар мутахассис меҷӯяд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон карда, маош ба мутахасисон аз 603 то 895 сомонӣ муқаррар шудааст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 феврал дар бораи эълони озмун барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон карда, маош ба мутахасисон аз 603 то 895 сомонӣ муқаррар шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 феврал дар бораи эълони озмун барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Хоҳишмандони иштирок барои ишғоли мансабҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси раёсату шуъбаҳо бояд то 12 март ҳуҷҷатҳои худро ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда, ҳамчунин ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд.

Музди меҳнати моҳонаи сармутахассис – 895 сомонӣ (112 доллар бо қурби Бонки миллӣ), мутахассиси пешбар – 733 сомонӣ (92 доллар) ва мутахассис – 603 сомонӣ (76 доллар) муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.