Директори тиҷоратии «Сомон Эйр» аз мансаб барканор шуд

Маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита ба таъхир афтодани парвози аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе маълумоти расмӣ пахш намуд. Дар итттилоияи ширкат қайд мешавад, ки дар мувофиқа бо роҳбарони давлат ва Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо мақсади идомаи рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо […]

Иттилоияи расмӣ

Маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита ба таъхир афтодани парвози аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе маълумоти расмӣ пахш намуд.

Дар итттилоияи ширкат қайд мешавад, ки дар мувофиқа бо роҳбарони давлат ва Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо мақсади идомаи рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо 10 феврал дар шаҳри Тошканд байни ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Узбекистан Эйрвейз» вобаста ба ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе музокирот баргузор гардида, бомуваффақият ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Назорати давлатии авиатсионии Ӯзбекистон барои парвоз иҷозат гирифт ва дар асоси он метавонист аз 20 феврал парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Тошканд анҷом диҳад, вале 20 феврал аввалин парвози мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд амалӣ нагашт. Аз фурудгоҳи Тошканд ба унвонии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар омадааст, ки то ҳол барои парвоз иҷозат гирифта нашудааст.

«Баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ӯзбекистон саривақт ирсол нашудаанд, – омадааст дар иттилоия. – Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд». 

Қайд мешавад, ки феълан миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар расмиёти фаннӣ мавриди ҳаллу фасл қарор доранд, оғози иҷрои парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе рӯзҳои наздик дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд ва аз шарикони худ дар Ӯзбекистон узр пурсид.

Маълумот: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият анҷом дода истодааст. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст