Лоиҳаи азнавсозии долонҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд баъди 2 моҳ таҳия мешавад

Date:

Дар вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Муҳаммад Ҳабибов маросими рӯнамои  бехавфгардонии мавзеъҳои тармафарои роҳҳои автомобилгарди мамлакат  баргузор гардид. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, дар ин маросим намояндагони  идорот ва мақомоти ҳамкор бо соҳаи нақлиёт, аз  ҷумла, Агентии обуҳавошиносӣ, БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи гражданӣ, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию  тадқиқотии «Фазо», Кумитаи сармоягузорӣ,  ДТТ ба номи М.Осимӣ,  ПИТ ва ЛК вазорати нақлиёт,  сардорони  раёсатҳои вазорат ва маркази лоиҳакашӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим муҳимият ва саривақтӣ будани мавзӯи рӯнамои феълиро  таъкид намуда, аз ҳозирин хостааст дар асоси  заминаи илмӣ  бо далелҳои мушаххас асноду пешниҳоди хешро доир ба бехавф гардондани  қитъаҳои ин шоҳроҳ ва зарурати бозсозиву бунёд намудани долонҳои зиддитармавӣ ва тавораҳои нав (галереяҳо) дар ин қитъа  ба миён гузоранд.

Зикр мегардад, ки муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб  Мирзоев ва директори ПИТ ва ЛК  Олимҷон  Холдоров рӯнамои  мавзӯъро бо истифода аз васоити аёнӣ баргузор намуда, иштирокдорони нишастро бо ҷузъиёти  мавзеъҳои хатарноки тармафарои  шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ ошно намуданд.

Дар музокира ва  таҳлили мавзӯи нишаст  аксари  иштирокдорон изҳори ақида намуда, мувофиқи  қисмати соҳаи хеш пешниҳодоти муҳим ироа доштанд.  Барои  тартиб додани лоиҳаи  таҷдиду азнавсозии долонҳои ин мавзеъ дар масофаи 24 км  барои масъулин 2 моҳ вақт таъйин карда шудааст.

Муовини сарвазир аҳамияти аввалиндараҷаи роҳ дар амният ва бехатарии онро таъкид намуда, вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр иштирокдоронро барои ташриф ва пешниҳоди андешаҳои муфид сипосгузорӣ ва  нишастро ҷамъбаст кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...