Лоиҳаи азнавсозии долонҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд баъди 2 моҳ таҳия мешавад

Дар вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Муҳаммад Ҳабибов маросими рӯнамои  бехавфгардонии мавзеъҳои тармафарои роҳҳои автомобилгарди мамлакат  баргузор гардид.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, дар ин маросим намояндагони  идорот ва мақомоти ҳамкор бо соҳаи нақлиёт, аз  ҷумла, Агентии обуҳавошиносӣ, БДА, […]

Asia-Plus

Дар вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Муҳаммад Ҳабибов маросими рӯнамои  бехавфгардонии мавзеъҳои тармафарои роҳҳои автомобилгарди мамлакат  баргузор гардид. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, дар ин маросим намояндагони  идорот ва мақомоти ҳамкор бо соҳаи нақлиёт, аз  ҷумла, Агентии обуҳавошиносӣ, БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи гражданӣ, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию  тадқиқотии «Фазо», Кумитаи сармоягузорӣ,  ДТТ ба номи М.Осимӣ,  ПИТ ва ЛК вазорати нақлиёт,  сардорони  раёсатҳои вазорат ва маркази лоиҳакашӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим муҳимият ва саривақтӣ будани мавзӯи рӯнамои феълиро  таъкид намуда, аз ҳозирин хостааст дар асоси  заминаи илмӣ  бо далелҳои мушаххас асноду пешниҳоди хешро доир ба бехавф гардондани  қитъаҳои ин шоҳроҳ ва зарурати бозсозиву бунёд намудани долонҳои зиддитармавӣ ва тавораҳои нав (галереяҳо) дар ин қитъа  ба миён гузоранд.

Зикр мегардад, ки муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб  Мирзоев ва директори ПИТ ва ЛК  Олимҷон  Холдоров рӯнамои  мавзӯъро бо истифода аз васоити аёнӣ баргузор намуда, иштирокдорони нишастро бо ҷузъиёти  мавзеъҳои хатарноки тармафарои  шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ ошно намуданд.

Дар музокира ва  таҳлили мавзӯи нишаст  аксари  иштирокдорон изҳори ақида намуда, мувофиқи  қисмати соҳаи хеш пешниҳодоти муҳим ироа доштанд.  Барои  тартиб додани лоиҳаи  таҷдиду азнавсозии долонҳои ин мавзеъ дар масофаи 24 км  барои масъулин 2 моҳ вақт таъйин карда шудааст.

Муовини сарвазир аҳамияти аввалиндараҷаи роҳ дар амният ва бехатарии онро таъкид намуда, вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр иштирокдоронро барои ташриф ва пешниҳоди андешаҳои муфид сипосгузорӣ ва  нишастро ҷамъбаст кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.