Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд.
Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар истироҳат эълон мешавад. Соли ҷорӣ идҳои расмӣ ба рӯзҳои истироҳат рост намеоянд.
Ҳамин тариқ, имсол моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои 4,5, 8 (Рӯзи модарон),11,12,18,19,21,22,23,24 (Наврӯз), 25 ва 26 март истироҳат мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24 март рӯзҳои истироҳат мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Раиси шаҳр Суҷоуддин Саломзода дар ин робита ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар барномаи фарҳангии ҷашн намояндагони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон иштирок карда, аз ташрифи як ҳайати сершумори Ӯзбекистон интизорӣ меравад.
Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни Наврӯз беш аз 1 километр кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулгаштҳо табдил меёбанд. Дар ҳамаи ҷамоатҳо ҷашн пуршукӯҳ таҷлил гардида, ба муносибати ид мусобиқаҳои бузкашӣ ва гуштигирӣ гузаронда мешаванд.
Чанде қабл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2017-ро тасдиқ намуда, ба вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки дар чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн аз рамзи мазкур истифода намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раиси шаҳри Душанбе низ дастур дод, ки иди Наврӯзро шоиста ҷашн гирифта, пойтахтро ҳамаҷониба ба қабули меҳмонон омода созанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) дохил шуд. Аз он замон санаи 21 март Рӯзи байнулмилалии ҷашни Наврӯз эълон шудааст.
Ғайр аз ин, бо дархости ҳукуматҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону Қирғизистон ва чанде дигар кишварҳо, Дабири кулли САҲА Марк Перрен де Бришамбо қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҷашни Наврӯз байнумилалӣ эълон шуда ва рӯйхати ягонаи ҷашнҳои САҲА шомил карда шуд.




