ВАО аз робитаи домоди Трамп низ бо сафари Русия хабар доданд

Ҷаред Кушнер, домоди президент Доналд Трамп, ки вазифаи мушовири калонии ӯро ба зимма дорад, ҳамроҳи Майкл Флинн, мушовири пешини амнитӣ бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон мулоқот кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The New York Times, ин мулоқот моҳи декабри соли гузашта, пеш аз расман ба курсии […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Ҷаред Кушнер, домоди президент Доналд Трамп, ки вазифаи мушовири калонии ӯро ба зимма дорад, ҳамроҳи Майкл Флинн, мушовири пешини амнитӣ бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The New York Times, ин мулоқот моҳи декабри соли гузашта, пеш аз расман ба курсии президентӣ нишастани Доналд Трамп дар бурҷи Трамп-тауэри шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, нашрия қайд кардааст, ки ба вохӯрии аъзои ситоди муваққатӣ бо мансабдорони хориҷӣ иҷозат ҳаст, вале ба он дар пешорӯи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи ИМА таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Зикр мегардад, ки ҳафтаи равон нашрияи The Washington Post хабар дод, ки вазири адлияи ИМА Ҷефф Сешнс ҳангоми сенатор буданаш ду бор бо Сергей Кисляк вохӯрдааст. Ба огаҳии нашрия, яке аз ин мулоқотҳо моҳи сентябри соли гузашта, пас аз маълум гаштани ҳамлаҳои киберӣ ба низоми интихоботии ИМА, ки баъдан ба он Русияро айбдор карданд, баргузор шудааст.

Сешнс ҳини тасдиқи номзадияш ба мақоми вазири адлияи ИМА дар Сенат мулоқотҳояшро бо дипломати рус ошкор накард. Баъди хабари расонаҳо дар ин бора раҳбари демократҳо дар Палатаи намояндагони Конгресс Нэнси Пелоси талаб кард, ки вазири тозатаъйини адлияи кишвараш истеъфо диҳад.

Моҳи феврали соли равон Майкл Флинн, мушовири президенти ИМА дар умури амниятӣ низ баъди он ки маълум шуд, дар як суҳбати телефонӣ бо дипломати рус таҳримҳои зидди Кремлро баррасӣ кардааст, истеъфо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.