Аксияи «Азия-Плюс» барои бонувони меҳрубон

Ба муносибати ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон Ширкати телевизиону радиои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март аз соати 9:00 то 12:00 аксия баргузор мекунад. Бонувони муҳтарам, сари чанбарак (рул)-и автомашинаатон бодиққат бошед ва туҳфаи худро аз даст надиҳед! Шарики кулли аксия – Шабакаи НФС «Газпромнефт Тоҷикистон» ҳамаи бонувони […]

Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон Ширкати телевизиону радиои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март аз соати 9:00 то 12:00 аксия баргузор мекунад.

Бонувони муҳтарам, сари чанбарак (рул)-и автомашинаатон бодиққат бошед ва туҳфаи худро аз даст надиҳед!

Шарики кулли аксия – Шабакаи НФС «Газпромнефт Тоҷикистон» ҳамаи бонувони меҳрубонро бо фарорасии ид табрику таҳният мегӯяд!

Дар ҷараёни баргузории аксия ду нуқта дар шаҳр интихоб хоҳад шуд, ки дар он ҷойҳо кормандони БДА автомашинаҳои сари чанбаракаш занон қарордоштаро боздошт ва барои онҳо шеъру тарона хонда, гулдаставу туҳфа тақдим мекунанд.

Тамоми ҷараёни баргузории аксия мустақиман тариқи радиои «Азия-Плюс» дар мавҷи 107 ФМ пахш мешавад. Биёед бо бонувони меҳрубон шинос шуда, онҳоро бо идашон табрик бигӯем.

Шумои сари чанбаракед? Пас рафтем!

Шарикони аксия: ширкати лавозимоти ороишӣ ва беҳдоштӣ (косметикӣ)-и «Фаберлик», event-агенттии «Атмосфера».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.