Шарикии ҳукумат ва ҷомеа ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон дар маркази таваҷҷуҳ

Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ҷомеи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои манфиатдори дигар ҳамкории муассир ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши миллии “Ҳамкории иҷтимоӣ  ва ҳуқуқӣ ҷиҳати мубориза бо савдои одамон” ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти савдои одамон ва иқдомҳои муштараки муқовимат ба он […]

Иттилоияи расмӣ

Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ҷомеи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои манфиатдори дигар ҳамкории муассир ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши миллии “Ҳамкории иҷтимоӣ  ва ҳуқуқӣ ҷиҳати мубориза бо савдои одамон” ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти савдои одамон ва иқдомҳои муштараки муқовимат ба он ва ироаи ёрӣ ба қурбониёнро баррасӣ мекунанд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқ баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо кумаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур баррасии мавзӯъи ҳуқуқи инсон, ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва пешниҳоди кумаки мустақим ба муҳоҷирони осебпазир ва қурбониёни савдои одамон мебошад.

Драган Алексоски, роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Гирди як миз ҷамъ овардани ҳамаи қишрҳои марбутаи ҷомеа ва фароҳам овардани имконият барояшон ҷиҳати табодули назар ва идеяҳои ҳамоҳангӣ ва ҳамкории беҳтар дар роҳи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни он хеле муҳим аст. Ин ҳамоиш ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то навъҳои гуногуни мушкилоти қишрҳои осебпазири ҷомеаро баррасӣ бикунанд ва ба ҷомеи шаҳрвандӣ ҷиҳати иштироки фаъолонатараш дар раванди гирифтани тасмим кумак мерасонад”.

Иштирокдорони чорабинӣ механизм ва ибтикорҳои нави пешбурди мавзӯъи ҳуқуқи инсон дар кишварро баррасӣ ва муайян мекунанд.

СБМ, ҳамчун қисме аз ҳадафҳояш дар роҳи муқовимат бо савдои одамон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи механизмҳои нав ва беҳтар кардани қонунгузорияш ҷиҳати кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, СБМ огаҳии аҳолиро аз хатарҳои савдои одамон, муҳоҷирати бехавф, ва ҳуқуқи инсон боло мебарад.

Сафҳаи СБМ Тоҷикистон дар Фейсбукро биписандед, то дар ҷараёни навгониҳои мо бошед. 

Ҳадафи умумии лоиҳа баланд бардоштани огаҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ, доир ба ҳуқуқашон, ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо, ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.