Намояндагони маъруфи муҳорибаҳои омехта дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 март мусобиқаи бонуфузи Fight Nights Global-60  доир мегардад. Қувваозмоии марказии ин мусобиқа миёни намояндаи Бразилия Фабио Малдонадо ва варзишгари тоҷик Абдулҳамид Давлатов сурат мегирад. Меҳмони асосии мусобиқа варзишгари русиягии маъруф дар ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Расул Мирзоев аст, ки имрӯз ба Душанбе омадааст. Дар саҳифаи Instagram Р.Мирзоев навишттаст, ин […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 март мусобиқаи бонуфузи Fight Nights Global-60  доир мегардад. Қувваозмоии марказии ин мусобиқа миёни намояндаи Бразилия Фабио Малдонадо ва варзишгари тоҷик Абдулҳамид Давлатов сурат мегирад.

Меҳмони асосии мусобиқа варзишгари русиягии маъруф дар ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Расул Мирзоев аст, ки имрӯз ба Душанбе омадааст. Дар саҳифаи Instagram Р.Мирзоев навишттаст, ин мусобиқа дар Душанбе бори нахуст доир гардида, ӯ на ба сифати иштирокчӣ, балки ҳамчун мухлис омадааст.

Боз як муҳорибаи шавқовар байни тоҷикистонӣ Солеҳ Ҳасанов ва намояндаи Русия Дмитрий Аришев баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар Fight Nights Global-60 варзишгарон Солеҳ Ҳасанов, Эмомалӣ Қурбонов, Шуҳрат Ҳакимов, Абдулҳамид Давлатов, Беҳрӯз Зуҳуров ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Дар ин мусобиқа намояндагони Русия, Бразилия, Қазоқистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.

Дар маҷмӯъ 9 муҳориба гузаронида шуда, мусобиқа дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз доир мегардад. Арзиши билетҳо аз 100 сомонӣ ва болотар аз он аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.