Дар Спитамен роҳгузарро якбора ду автомашина пахш кард

Дар қаламрави ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд пиёдагард, ҷавони 34-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъдан ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, ҷавони 22-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар […]

Asia-Plus

Дар қаламрави ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд пиёдагард, ҷавони 34-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъдан ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, ҷавони 22-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар роҳи мошингарди мазкур ҳаракат мекардааст, пиёдагарди дар боло зикргардидаро дубора пахш намуда, ӯ низ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармо-гармӣ ин ронандаҳо ҳамчун гумонбар дастгир карда шудаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2016 дар роҳҳои мошингарди кишвар 1 ҳазору 323 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 427 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 415 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.