Рӯзи 8 марти соли 2017 аз ҷониби Маркази Фарҳангӣ-Таълимии Конфутсияи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон намоиши телевизионӣ бахшида ба “Рӯзи модар” дар толори бузурги “Дунёи нав” барпо гардид.
Барномаи мазкур муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” бо дастгирии ҶДММ “Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон” ва Тарабхонаи чинии “Кохи афсарон” ба навор гирифт. Дар барномаи номбурда зиёда аз 30 нафар занон ба мисли устодону донишҷӯёни Маркази Фарҳангӣ-Таълимии Конфутсияи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои Чинӣ, бонувони обрӯманди Тоҷик, намоянда аз Сафоратхонаи Ҷумхурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Сафоратхонаи Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоянда аз Сафоратхонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷашни 8 март ин “Иди байналмиллалии занони ҷаҳон” ва “Рӯзи модар” мебошад. Сужети асосии барнома аз меҳри модар, зебоии зан ва намоиши либосҳои миллии занонаи тоҷикону чин иборат буда, тариқи намоиши филми кӯтоҳҳаҷм оиди либоси миллии занонаи чинӣ “Чипао”, рақсу сурудхонӣ ва намоиши пушидану роҳгардии либосҳои миллии занонаи тоҷикиву чин сурат гирифт, ки ин исботкунандаи таърифу таҳсин нибат ба зан мебошад.
Аввал барнома бо филми кӯтоҳҳаҷм оиди намоиши либоси миллии занонаи чинӣ “Чипао” оғоз гардида, баёнгаре шуд барои ҳозирин нисбати таърихи пайдоиш ва ҷараёни тарақии ин либос, ки диққати тамоми меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Донишҷӯӣ Маркази Фарҳангӣ-Таълимии Конфутсияи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Шабнам суруди чиниеро дар васфи модар бо номи “Осмони беканор” замзама кард, ки меҳмонон бо вуҷуди оне ки маънии сурудро нафаҳмиданд, аммо аз мусиқии бо таровати он ҳаловат бурданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Устодони Маркази Фарҳангӣ-Таълимии Конфутсияи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон либоси миллии занонаи чинӣ “Чипао” ва либоси миллии занонаи тоҷикиро пӯшида, нозукиву маҳинии ин либосро намоиш доданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Онҳо он либосҳои миллии тоҷикиеро ба бар намуда буданд, ки маҳсули дастони дизайнгари тоҷик Мавлуда Ҳароева мебошад. Ҳамчунин намояндагони Аввалин студияи муд “Дунёи нав” либосҳои миллии занонаи тоҷикиву чиниро ба бар намуда намоиш доданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Барномаи мазкур диққати ҳозиринро ба худ сахт ҷалб намуда, хар як иштирокчиро ба ваҷҳ оварда, ба суханонӣ маҷбур сохт. Онҳо суханони аз қалб баромадаи худро яке бо шеъру суханони нек ва дигаре бо сурудхонӣ нисбати меҳри модар, табиати зан, нозукиву маҳинии зан ва зиннати либосҳои миллии ҳарду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсояро изҳор намуданд.
Занон дар нозукии ба бар намудани либосҳои миллии занонаи тоҷикиву чинӣ танҳо “Зебоипарастӣ”-ро пай бурданд. Меҳмонон қайд карданд, ки фарҳангу тамадун ва урфу одати мардуми ин ду кишвар бисёр бо ҳам шабеҳанд ва ин яке аз сабабҳояш аз замонҳои қадим бо ҳам дар ҳамсоягӣ чой гирифта, дӯстода зистани ин ду мамлакат мебошад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Барномаи дар боло зикр шуда, ба мо фарҳангу тамадуни ин ду кишвар, бе ҳаду канор будани зебоии зан, хушбахтиву латифӣ ва табиати занро ошино сохт. Дар ин барнома Маркази Фарҳангӣ-Таълимии Конфутсияи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо истифодаи либоси миллии занонаи чинӣ “Чипао” миёни фарҳанги ин ду кишвари бузургро пайваст намуда, яке аз купрукҳои дӯстиро баркарор намуданд.
Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ин барномаро 8 марти соли 2017 соати 21:20 пахш намуд. Ҳамчунин “Азия Плюс” низ ин барномаро хабар дод.


