Ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» таъҷилан ба Хуҷанд баргашт

Ҳавопаймои ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шаби гузашта таъҷилӣ ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастааст. Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти портали махсуси Flightradar, ҳавопаймои хатсайри TJK645 Хуҷанд – Тараз – Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд  нишасти изтирорӣ анҷом дода, ҳамаи 140 мусофири ҳавопаймо сиҳату саломат ва осеб надидаанд. Гуфта мешавад, ҳавопаймои «Тоҷик […]

Ҳавопаймои ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шаби гузашта таъҷилӣ ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастааст.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти портали махсуси Flightradar, ҳавопаймои хатсайри TJK645 Хуҷанд – Тараз – Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд  нишасти изтирорӣ анҷом дода, ҳамаи 140 мусофири ҳавопаймо сиҳату саломат ва осеб надидаанд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» аз Хуҷанд ба Тараз (Қазоқистон) барои пур кардани сӯзишворӣ омада, сипас ба Маскав раҳсипор мешавад, вале баъдан дар дохили он вазъи ғайримнтазира эълон шуда, ҳавопаймо маҷбуран ба Хуҷанд бармегардад.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ, аз маҳалли ҳодиса гуфтааст, ки дар миёни мардуме, ки онҷо ҷамъ омада буданд, гуфтӯгуҳое буд, ки гӯё зимни парвоз чархи ҳавопаймо осеб дидааст.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймо пеш аз нишаст ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд парвоз кардааст, то маводи сӯхташро кам кунад ва сипас бинишинад. Дар фурудгоҳ вазъи фавқуллода эълон шуда, мақомоти қудратӣ, мошинҳои сӯхторнишонӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳ сафарбар шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ҳавопаймо соати 19:05 бо вақти маҳаллӣ аз Хуҷанд ба Тараз парвоз карда, соати 19:50 дар он ҷо фуруд меояд.

«Парвоз аз Тараз соати 21:05 сурат гирифта, вақте ҳавопаймо дар фазои Қазоқистон парвоз мекард, дар бораи носозии техникӣ дар он маълумот расид, – гуфтанд дар ширкат. – Роҳбари ҳайати халабонони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Хуҷанд баргардад ва соати 00:39 дақиқа ҳавопаймо бидуни осеб ба фурудгоҳ нишаст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.