Мурофиаи афсаре, ки сарбозро то ба худкушӣ расонид

Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз аз суд дархост намуд, ки фармондеҳи взводи яке аз қисмҳои ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадиро барои то ба худкушӣ оварда расонидани сарбози 20-сола 14 соли зиндонинизомаш шадид маҳкум намояд. Мурофиаи судӣ дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷараён дошта, фармондеҳи взводи қ/ҳ 0120 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов ба содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз аз суд дархост намуд, ки фармондеҳи взводи яке аз қисмҳои ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадиро барои то ба худкушӣ оварда расонидани сарбози 20-сола 14 соли зиндонинизомаш шадид маҳкум намояд.

Мурофиаи судӣ дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷараён дошта, фармондеҳи взводи қ/ҳ 0120 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов ба содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ: 143 (Шиканҷа) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста мешавад.

Ӯ ду сарбоз – Ҷаҳонгир Қурбонов ва Меҳроҷиддин Беҳзодро ба дуздии радиатори автомашинаи мутаалиқ ба қисми ҳарбӣ гунаҳкор карда, аз онҳо дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҷубронпулӣ талаб мекунад ва мегӯяд, ки агар маблағро наоранд, дар ин бора ба прокуратура хабар дода, назди сарбозон шарманда мекунад.

Дар натиҷа сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба таҳқирҳои мунтазам, латукӯбу шиканҷа ва кирдори бераҳмона тоб наоварда, рӯзи 11 сентябри соли 2016 бо роҳи ба дор овехтан даст ба худкушӣ мезанад.

Минбаъд дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки радиатор 27 августи соли 2016 гум шуда, онро сарбози дигар – Баҳодур Шарифов дуздидааст.

Волидони сарбози ҳалокшуда ба худкушии фарзандашон шубҳа дошта, бар ин назаранд, ки писари онҳо эҳтимол кушта шуда бошад.

Мурофиа оид ба баррасии парвандаи мазкур санаи 13 март идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.