Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и CIZ (Ҷамъияти Олмон) дар мавзӯи «Тартиботи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар барпо мекунад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.0937 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и CIZ (Ҷамъияти Олмон) дар мавзӯи «Тартиботи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар барпо мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.0937 сомонӣ;

1 евро – 8.5866 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1352 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Урумчӣ – Хуҷанд – Урумчӣ.

2010 — Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи фарҳанги ЭКО боз шуд.

2013 — Бо қарори Суди олии Лондон аз соҳибкори тоҷик Аваз Назаров талаб карда шуд, ки ба тоҷири рус Валерий Воробев ҳудуди 24 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кунад.

2016 — Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як боник нав – «Бонки байнулмилалии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

1912 – Зодрӯзи нависанда Разиюлло Абдуллозода.

1930 – Мавлуди дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷумъа Одинаев.

1935 – Зодрӯзи драматург Султон Сафаров.

1937 – Мавлуди журналист Қаландаршо Додарҷонов.

1938 – Зодрӯзи адабиётшинос Ансор Афсаҳов.

1939 – Мавлуди доктори улуми фалсафа Давлатхоҷа Назиров.

1943 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Давлат Худоназаров.

1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борону барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борону барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борону барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борону барф меборад

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.