Ҳалокати 8 нафар дар Ваҳдат баъди маросими дафн

Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки нимаи дуюми рӯзи 11 март дар наздикии қаламрави қабристони ҷамоати Ромит рух дод, 8 нафар сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи фоҷеабор дар наздикии қабристон баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ҳудуди 25 нафар иштирокчиёни маросими ҷанозаву дафн барои бозгашт аз қабристон ба […]

Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки нимаи дуюми рӯзи 11 март дар наздикии қаламрави қабристони ҷамоати Ромит рух дод, 8 нафар сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба ҳалокат расиданд.

Ҳодисаи фоҷеабор дар наздикии қабристон баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ҳудуди 25 нафар иштирокчиёни маросими ҷанозаву дафн барои бозгашт аз қабристон ба шаҳр ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ» савор шуда, дар нишебӣ тормозҳои он кор намекунанд ва мошин бо суръати баланд ба дарахт бармехӯрад.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа 6 нафар мусофирони автомашинаи мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, пас аз чанд муддат, ду нафар ҷабрдидагон, дар беморхона ба ҳалокат расида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.