Шаҳрдорӣ вазъи корҳо дар пули назди «Текстилкомбинат»-ро шарҳ дод

Рӯзи якшанбе бар асари корҳо дар пул ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ маҳдуд карда шуда, танбашавии зиёди нақлиёт ба вуҷуд омад, ки боиси ҳар гуна овозаҳо гардид. Мақомоти шаҳрдории Душанбе изҳор мекунад, ки пули роҳи оҳани назди «Текстилкомбинат» аз таъмир бароварда мешавад. Тавре як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита […]

Asia-Plus

Рӯзи якшанбе бар асари корҳо дар пул ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ маҳдуд карда шуда, танбашавии зиёди нақлиёт ба вуҷуд омад, ки боиси ҳар гуна овозаҳо гардид.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе изҳор мекунад, ки пули роҳи оҳани назди «Текстилкомбинат» аз таъмир бароварда мешавад.

Тавре як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, овозаҳои дар шаҳр ҷойдошта доир ба вайрон шудани пул асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи супориши раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», аз 12 то 13 март дар ин пул корҳои таъмир гузаронида мешаванд.

Аз мақомоти шаҳрдорӣ ҳамчунин огоҳ карданд, ки дар давраи таъмири пул ба ҳаракати нақлиёт аз ин мавзеъ метавонад гоҳ-гоҳ маҳдудият ҷорӣ шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.