Коҳиши меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои хориҷӣ

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии соли 2017»-ро таҳия намуд, ки ба меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои истеҳсоли хориҷӣ дахл дошта, аллакай ҷиҳати баррасӣ ба парлумон пешниҳод шудааст. Аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи тағйироту иловахои пешниҳодшуда, аз оғози соли […]

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии соли 2017»-ро таҳия намуд, ки ба меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои истеҳсоли хориҷӣ дахл дошта, аллакай ҷиҳати баррасӣ ба парлумон пешниҳод шудааст.

Аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи тағйироту иловахои пешниҳодшуда, аз оғози соли равон меъёри ситонидани боҷи гумрукӣ барои ворид намудани автомашинаҳои нав ба андозаи 50 фоиз кам карда мешавад.

Автомашинаҳое, ки на бештар аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи тайкардаи онҳо аз 10 ҳазор километр зиёдтар нест, автомашинаҳои нав шуморида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар қонуни ахири соли гузашта тасдиқшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017» маблағи даромад аз боҷҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 800 млн. 796 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки масъалаи ба миқдори 50% кам кардани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар дар паёми санаи 22 декабри соли 2016 ироашудаи президент ба парлумон ба миён гузошта шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.