Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Бонки Эсхата ва Бонки “Асака”-и Ӯзбекистон

Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд, маросими ба имзо расидани созишнома байни Бонки Эсхата ва Бонки тиҷоратию саҳомии “Асака” дар бораи кушода шудани суратҳисоби муросилотӣ ҷараён гирифт. Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров ва муовини аввали Раиси Раёсати Бонки “Асака” Рустам Кодиров дар рафти ба имзо расидани созишнома омодагии худро барои барқарор ва […]

Иттилоияи расмӣ

Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд, маросими ба имзо расидани созишнома байни Бонки Эсхата ва Бонки тиҷоратию саҳомии “Асака” дар бораи кушода шудани суратҳисоби муросилотӣ ҷараён гирифт.

Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров ва муовини аввали Раиси Раёсати Бонки “Асака” Рустам Кодиров дар рафти ба имзо расидани созишнома омодагии худро барои барқарор ва идома додани муносибатҳои дуҷониба изҳор доштанд.

“Мо ният дорем, ки кушода шудани суратҳисоби бонкӣ барои васеъ намудани робитаи тиҷоративу иқтисодӣ бо давлати ҳамсоя мусоидат намуда, барои иҷрои уҳдадориҳои мизоҷони худ пеши ҳамкорони бародарони худ кӯмак мерасонад. Ҳамзамон мо боварӣ дорем, ки беҳтар намудани муносибатҳои муросилотӣ бо яке аз бонкҳои калони Ӯзбекистон барои татбиқи якчанд лоиҳаҳои якҷоя, амалиётҳои лизингӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мусоидат мекунад”- иброз дошт Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров.

Аз Бонки Эсхата дар ин маросим ҳамчунин сардори Департаменти ҳисоббаробаркунию хазинавӣ Туйчибой Холиқов ва сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ Далер Содиқов иштирок карданд.

Онҳо ин чорабиниро чунин шарҳ доданд: “ Маросими баимзорасӣ дар фазои самимонаву дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмии тарафҳо сурат гирифт. Боиси қайд аст, ки бонкҳои ҳамкор ба як ақидаи умум оид ба танзими ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд омаданд, ки ҳадафи он наздик намудани ду давлати бародар маҳсуб меёбад. ”

Маълумотнома дар бораи Бонки “Асака” Ӯзбекистон

Бонки «Асака» давоми 21 соли фаъолияти устувори худ мавқеи пешсафиро дар бозори молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ доштааст. Соли 1995 ташкил ёфта, Бонк имрӯзҳо яке аз бонкҳои пешрафтаи Ӯзбекистон аз рӯи сармоя ва дороӣ маҳсуб меёбад.  

Маълумотнома дар бораи Бонки Эсхата:

ҶСК “Бонки Эсхата” соли 1993 ташкил ёфта, иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро барои амалӣ намудани фаъолияти бонкӣ 29 ноябри соли 1994 соҳиб гардидааст. Давоми 22 соли фаъолияти пурсамари худ Бонки Эсхата тавонист яке аз мавқеҳои пешсафиро дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол созад. Бонки Эсхата бонки тиҷоратӣ буда, хизматрасониҳои гуногуни молиявиро ба соҳибкории хурду миёна мерасонад. Имрӯзҳо 1 идораи амалиётӣ, 22 филиал ва 298 маркази хизматрасонии бонкӣ дар ҳудуди кишвар фаъолият мебаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.