Шитобкории ҷонибҳо дар ифтитоҳи хатсайри Душанбе – Тошканд

Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» доир гардида, онро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ҳусни оғоз бахшид. «Мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, – гуфт ӯ. – […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» доир гардида, онро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ҳусни оғоз бахшид.

«Мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, – гуфт ӯ. – Мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».

Ӯ аз рӯзноманигорон ва иштирокчиёни маросими мазкур дархост намуд, ки «дар бораи сабабҳои ба иҷро нарасидани парвози нахустин тариқи хатсайр ба андешаву назарҳои носанҷидаву нодуруст роҳ надиҳанд».

«Шахсан ман бар ин назарам, ки вақте як чизеро хеле зиёд мехоҳӣ, ба шитобкорӣ роҳ медиҳӣ, на ҳама вақт меъёрҳои ҳуқуқиро риоя кардан муяссар мешавад, ки чунин ҳолат чанде қабл дар парвози нахустини ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Тошканд рух дод ва имрӯз ҳам чунин ҳолат аст, – иброз дошт дипломат. – Сабаби асосиро ман дар он мебинам, ки барои ифтитоҳи хатсайри байнулмилалӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузориро ҳал кардан зарур аст, ки мутаассифона, мо дар муҳлати муқарраршуда аз уҳдааш набаромадем».

Ба гуфтаи сафир, рӯзи душанбе дар Тошканд миёни ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» гуфтушунидҳо оғоз ёфта, имрӯз идома доранд ва пагоҳ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати нақлиёт ва дигар мақомоти дахлдор ба Тошканд сафар карда, санаи 6 апрел дар он ҷо лоиҳаи созишнома миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи алоқаи ҳавоии байнулмилалӣ баррасӣ мешавад.

«Вақте созишнома тасдиқу ба имзои ниҳоӣ дар сатҳи баланд омода мешавад, барои роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо имкони бештар фароҳам меояд», – қайд кард сафири Ӯзбекистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.