Гумонбарии зодаи Қирғизистон ба таркиш дар Петербург

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург шаҳрванди ин кишвар аст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ,  сухангӯи КДАМ Роҳат Сулаймонов гуфтааст, ӯ дар Қирғизистон ба дунё омада, баъдан шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст.  "Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ҷониби Русия дар тамос буда, чораҳои заруриро хоҳад […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург шаҳрванди ин кишвар аст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ,  сухангӯи КДАМ Роҳат Сулаймонов гуфтааст, ӯ дар Қирғизистон ба дунё омада, баъдан шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст.

 "Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ҷониби Русия дар тамос буда, чораҳои заруриро хоҳад андешид", – иброз доштааст Сулаймонов.

Гуфта мешавад, 3 апрел дар қатори метрои Санкт-Петербург, ҳангоми ҳаракати он дар миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт" таркиш ба амал омад, ки ба огаҳии Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, 11 кушта ва 51 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Бино ба маълумоти тасдиқношуда, ҳамларо маргталаб анҷом дода, маводи таркандаро эҳтимол аст, шарики ӯ дар дохили қатор монда бошад.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Амали террористӣ" парванда боз кард. Дар Петербург се рӯз мотам эълон шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.