АНОНС
– Дар донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ш. Қӯрғонтеппа, кӯч. Б.Ғафуров, х. 27) дар мавзӯи «Амният ва суботи иқтисодии Тоҷикистон дар ҳошияи рушди ҳамгиройии авруосиёӣ» мизи гирд доир мегардад;
– Дар Спорт-бари «Истиқлол» Клуби соҳибкорони ҷавон доир ба мавзӯи «Стартап-иштибоҳҳо: Назария ва амал» машғулият мегузаронад. Дар машғулият пешоҳанг дар соҳаи интернет-стартап дар Тоҷикистон Шерзод Абдуҷабборов маърӯза мекунад. Оғоз соати 18-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.3456 сомонӣ;
1 евро – 8.8922 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1461 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1930 – Таъсиси рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон (феълан «Ҷавонони Тоҷикистон»).
1994 – Дар Маскав бо миёнаравии СММ давраи аввали гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба тавассути сулҳу созиш ҳал кардани ихтилофҳо дар Тоҷикистон доир гардид,
1996 – Дар Душанбе нахустин агентии иттилооти мустақил дар Тоҷикистон – «Азия-Плюс» ба фаъолият оғоз кард.
2010 — Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф оварда, зимни мулоқот бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои минтақаро сари мизи гуфтушунид даъват кард.
1929 – Зодрӯзи журналист Амирбек Исломов.
1935 – Мавлуди доктори улуми кимиё Ҳаким Қурбонов.
1950 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Бекмуҳаммад Асомуддинов.
1954 – Мавлуди корманди соҳаи физика Дилбар Осимова.
1962 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, сароянда Моҳрухсор Сафиева.
1962 – Мавлуди адабиётшинос Амирхӯҷа Абдураҳимов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона 0+5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона -2+3.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.



