Аз манъи парвозҳои «Сомон Эйр» дар фурудгоҳи Хуҷанд бесарусомонӣ нест

Аз манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд бесарусомонӣ ба мушоҳида намерасад. Намояндагони ширкат изҳор мекунанд, ки ҳамаи мусофирон саривақт аз қазия огоҳ карда шуда, пулҳояшон пурра баргардонида шудааст. «Ба туфайли кори мураттаби маркази хизматрасонӣ қариб ҳамаи мусофироне, ки бояд бо хатсайрҳои наздиктарин ба Маскав парвоз мекарданд, пешакӣ аз вазъ огоҳ […]

Баҳром Файзуллаев, Asia-Plus

Аз манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд бесарусомонӣ ба мушоҳида намерасад. Намояндагони ширкат изҳор мекунанд, ки ҳамаи мусофирон саривақт аз қазия огоҳ карда шуда, пулҳояшон пурра баргардонида шудааст.

«Ба туфайли кори мураттаби маркази хизматрасонӣ қариб ҳамаи мусофироне, ки бояд бо хатсайрҳои наздиктарин ба Маскав парвоз мекарданд, пешакӣ аз вазъ огоҳ карда шуданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати «Сомон Эйр» дар Хуҷанд Ҷӯрабой Содиқов. – Кормандони марказ мувофиқи имкон ба ҳамаи мусофирон занг зада, барои нороҳат шуданашон маъзарат хостанд».

Ба гуфтаи ӯ, ба мусофирон мувофиқи хоҳишашон пурра баргардонидани пули билет ё ба хатсайри наздиктарини ширкат гузаронидани он пешниҳод шуда, беш аз 40%-и мусофирон билетҳояшонро ба хатсайри наздиктарин иваз кардаанд.

Намояндаи ширкат умедвор аст, ки рӯзҳои наздик масъалаи манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» мусбат ҳал мешавад.

Дар гуфтугӯи телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ӯктам Хабилов иттилоъ дод, ки манъи аз ҷониби Русия ҷоришуда, ба парвозҳое, ки аз ҷониби ин ширкат анҷом дода мешаванд, дахл накардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе парвозҳо анҷом медиҳад.

«Дар робита ба вазъи ҷойдошта дар ширкати «Сомон Эйр» шумори хоҳишмандони парвоз ба Маскав якбора хеле зиёд шуда, мо имкони надорем, ки ҳамаи онҳоро ба Маскав фиристем, – гуфт ӯ. – Ба хатсайри рӯзи панҷшанбе 4 билет, шанбе – 40 ва якшанбе – 60 билет боқӣ монда, онҳо хеле зуд ба фурӯш рафта истодаанд». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд