Хадамоти махсуси Қирғизистон даст доштани шаҳрванди кишварашон Яҳё Машраповро ба амали террористӣ дар Истанбулро тасдиқ накарданд. Гумонбаршуда бозпурсӣ ва ба хонааш рухсатӣ шудааст.
Хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Қирғизистон Яҳё Машрапов, ки ВАО-и Туркия аксашро ҳамчун гумонбар нашр карданд, бозпурсӣ шуда, даст доштани ӯ дар ин амали террористӣ исбот нашудааст.
Дар КДАМ қайд кардаанд, ки онҳо шахсияти Машрапов ва макони зисти ӯро муайян карда, дар шаҳри Қара-Суу иқомат доштааст. Машраповро дар фурудгоҳи Истанбул боздошт карда, сипас баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Парвози ҳавопаймое, ки ӯ бо он бояд парвоз мекард, ба муддати 1 соат ба таъхир афтодааст.
Ёдрас мекунем, ки шаби 1 январ як шахси номаълум дар яке клубҳои шабонаи шаҳри Истанбул ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 39 нафар ҳалок ва наздики 70 нафар бошандагони клуб ҷароҳат бардоштанд.
Пулиси Туркия акс ва навори видеоии ба ақидаи онҳо ҳамлагарро нашр намуда, васоити ахбори умуми туркӣ бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти пулис иттилоъ медиҳанд, ки аз эҳтимол дур нест, ки шахси ҳамлагар аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон бошад.