Наҷоти даҳҳо нафар аз сангрезӣ дар Хоруғ

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаи сангрезии зиёд рух дода, даҳҳо нафар маҷбур шуданд, ки бо фирор аз манзилҳои худ ҷон ба саломат баранд. Сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоиро гузоштаанд. Дар он дида мешавад, ки даҳҳо нафар аз сангрезӣ дар маҳаллаи Сайфулло Абдулло (Гулакен) худро ба макони […]

Asia-Plus

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаи сангрезии зиёд рух дода, даҳҳо нафар маҷбур шуданд, ки бо фирор аз манзилҳои худ ҷон ба саломат баранд.

Сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоиро гузоштаанд. Дар он дида мешавад, ки даҳҳо нафар аз сангрезӣ дар маҳаллаи Сайфулло Абдулло (Гулакен) худро ба макони амн паноҳ мебаранд.

Ба гуфтаи шоҳидон, аз ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони маҳаллӣ барои тарки манзилҳояшон кумак мекунанд.

Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуотии ҳукумати Бадахшон, дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” дар ин робита гуфтааст, дар пайи ин ҳодисаҳо "як хона пурра, 5 манзил қисман ва 5 хонаи дигар андак зарар дидаанд. Зиёда аз 300 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд. Қисмати зиёд ба хонаҳои хешу таборашон рафтанд".

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.