Фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи «Вишеград» дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон Пётр Ивашкевичро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои тарафайни минтақавӣ мавриди муҳокима ва баррасӣқарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг омодагӣ изҳор […]

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон Пётр Ивашкевичро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои тарафайни минтақавӣ мавриди муҳокима ва баррасӣқарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг омодагӣ изҳор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии сафари Пётр Ивашкевич ба вилоят ин вусъат бахшидан ба муносибатҳои илмию фарҳангии кишварҳои чоргонаи “Вишеград” ва Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Дар ин замина, сафорати Лаҳистон ният дорад соли равон дар шаҳри Хуҷанд фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи “Вишеград”-ро баргузор намояд. Филмҳои пешниҳодшаванда маҳсули эҷоди филмбардорони ин чор давлат буда, тӯли чанд рӯз сокинони вилоят ва дӯстдорони санъати кино метавонанд тариқи филмҳо бо санъату фарҳанги кишварҳои Аврупо ошно гарданд.

Қобили зикр, ки ба узвияти чоргонаи “Вишеград” чор давлати марказии Аврупо ҷумҳуриҳои Чехия, Венгрия, Словакия ва Лаҳистон шомил буда, ин иттиҳод соли 1991 дар шаҳри Вишеград созмон ёфтааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми сафорати Лаҳистонро ҷиҳати ташкили фестивали филмҳо хуш пазируфта, изҳор намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ барои густариши муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон доир ба ҳамкориҳои тарафайн дар самти савдою тиҷорат ва сайёҳӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.