Баррасии масоили ҳамкорӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳриТошканд қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳриТошканд қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ намуда, оид ба проблемаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар шаҳри Тошканд доир гардида, дар он баррасии лоиҳаҳои 16 санади марбут ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод дар бахшҳои мухталиф дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.