Ҳамлаи мушакии артиши ИМА ба пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Сурия

Артиши ИМА дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии нерӯҳои Сурия дар шаҳри Хон Шайхун, як пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои режими Башор Асадро мавриди ҳамла қарор додааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки пойгоҳи "Шаъирот" воқеъ дар вилояти Ҳимс, мавриди ҳамлаи мушакии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар қарор гирифтааст. Тибқи иттилои хабаргузории CNN, ҳамлаи […]

Радиои Озодӣ

Артиши ИМА дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии нерӯҳои Сурия дар шаҳри Хон Шайхун, як пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои режими Башор Асадро мавриди ҳамла қарор додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки пойгоҳи "Шаъирот" воқеъ дар вилояти Ҳимс, мавриди ҳамлаи мушакии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои хабаргузории CNN, ҳамлаи мушакии Амрико аз ду киштии ҷангии ин кишвар дар баҳри Миёназамин анҷом шуда ва дар ин ҳамла 50 мушак ба сӯи ин пойгоҳи низомии нерӯҳои Сурия партоб шудааст.

Ба гузориши SBC, сабаби ҳамла ба ин пойгоҳи ҳавоӣ он будааст, ки Амрико бовар дорад, аз ин пойгоҳ ҳамлаи кимиёвии ду рӯзи пеш ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб анҷом шудааст.

Доналд Трамп шомгоҳи панҷшанбе гуфт, дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоӣ дар Хон Шайхун дар вилояти Идлиб, фармони ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия, ки ҳамла аз онҷо сурат гирифта буд, содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки пеш аз 50 мушаки "Томаҳавк" ба пойгоҳи ҳавоии Шаъирот дар вилояти Ҳимс партоб кардааст.

Дар ҳамлаи кимиёвии пеш аз зӯҳри сешанбеи 4 апрел дар минтақаи Хон Шайхуни вилояти Идлиби Сурия ҳудуди 100 нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.