Табдили номи «Конт бонк» барои мутобиқат ба меъёрҳои забони тоҷикӣ

Табдили номи ҶСП Бонки сармоягузории “Конт” дар Тоҷикистон ба «Бонки Осиё»-ро раҳбарият ба мутобиқ набудани номи пешинаи он ба меъёрҳои забони тоҷикӣ нисбат медиҳад. Бонки сармоягузории “Конт”, ки аксарият дар Тоҷикистон онро ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ мансуб медонанд, охири моҳи марти соли ҷорӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «Бонки Осиё» табдили ном […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Табдили номи ҶСП Бонки сармоягузории “Конт” дар Тоҷикистон ба «Бонки Осиё»-ро раҳбарият ба мутобиқ набудани номи пешинаи он ба меъёрҳои забони тоҷикӣ нисбат медиҳад.

Бонки сармоягузории “Конт”, ки аксарият дар Тоҷикистон онро ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ мансуб медонанд, охири моҳи марти соли ҷорӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «Бонки Осиё» табдили ном кард.

Раҳбарияти акнун «Бонки Осиё» ба «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала гуфт, сабаби ивази номи муассиса дар он ифода меёбад, ки номи он бояд ба талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мутобиқ бошад.

Дар доираи имконоти мавҷуда амалисозии тағйироти сохторӣ ва тавсеъаи фаъолияти бонки мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Дар «Бонки Осиё» қотеъона мансубияти он ба шаҳрвандони хориҷиро рад карда, изҳор доштанд, ки саҳмиядори ягонаи бонк шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.