Автобусҳои нав барои Душанбе дар қаламрави Туркманистон

Қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, ба пойтахти Тоҷикистон раҳсипоранд. Ин автобусҳо дар Туркия харидорӣ шуда, айни замон дар қаламрави Туркманистон ҳаракат доранд. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик 40 автобуси нави мусофирбар ба шаҳри Душанбе оварда шуда, айни замон дар қаламрави Турманистон ҳаракат […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, ба пойтахти Тоҷикистон раҳсипоранд. Ин автобусҳо дар Туркия харидорӣ шуда, айни замон дар қаламрави Туркманистон ҳаракат доранд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик 40 автобуси нави мусофирбар ба шаҳри Душанбе оварда шуда, айни замон дар қаламрави Турманистон ҳаракат доранд ва шоми имрӯз марзи Ӯзбекистонро убур мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, таваққуфи дурӯзаи ҳаракати автобусҳо дар марзи Эрон ба он вобаста буд, ки ин рӯзҳо дар он ҷо рӯзҳои истироҳат буданд ва баъди ба охир расидани рӯзҳои истироҳат, автобусҳо бидуни мушкилӣ аз марзи Эрон гузашта, ба роҳашон идома доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон Тоҷикистон аз Туркия 40 автобуси тамғаи Isuzu-и истеҳсоли Японияро харидорӣ намуда, тобистон боз харидории 24 адад чунин автобусҳо ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон», ҳамарӯза 3,3 ҳазор микроавтобусҳо ба сокинони пойтахт хизматгузорӣ мекунанд. Аз 417 автобуси мавҷуда 153-тоашон ва аз 116 троллейбус танҳо 72-тоашон дар хатсайрҳо равуо доранд. Аввали соли равон мақомоти шаҳрдории пойтахт ба хатсайри чанде аз микроавтобусҳо тағйирот ворид намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.