ВАО аз ду маргталаби «эҳтимолӣ» дар метрои Петербург низ хабар ёфтанд

Миёни боздоштшудагон дар робита ба амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ду маргталаби «эҳтимолӣ» низ ҳузур дошта метавонистанд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» хабар медиҳад. Бин ба маълумоти мусоҳибони нашрия, Акбарҷон Ҷалилови ба ин амал гумонбаршуда бояд ба метро на якто, балки ду дастгоҳи таркандаро меовардааст, ки бо пахши тугмаҳо мавриди инфиҷор қарор мегирифтанд. Ин […]

Asia-Plus

Миёни боздоштшудагон дар робита ба амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ду маргталаби «эҳтимолӣ» низ ҳузур дошта метавонистанд. Дар ин бора нашрияи «Коммерсантъ» хабар медиҳад.

Бин ба маълумоти мусоҳибони нашрия, Акбарҷон Ҷалилови ба ин амал гумонбаршуда бояд ба метро на якто, балки ду дастгоҳи таркандаро меовардааст, ки бо пахши тугмаҳо мавриди инфиҷор қарор мегирифтанд. Ин маълумотҳои «Коммерсант»-ро «Дожд» зикр мекунад.

Гуфта мешавад, яке аз дастгоҳҳои тарканда барои ӯ ва дигараш барои ҳаммаслакаш ҷиҳати содир намудани ду амали террористӣ пешбинӣ шуда будааст, аммо шахси дуюм бо чӣ сабабе ҳозир нашуда, аз ин рӯ, Ҷалилов бомбаи дуюмро дар назди майдони «Площадь Восстания» гузоштааст.

Дар маълумоти нашрия қайд мешавад, ки ҳаммаслакони ӯ «шояд ба таркиши нав бо истифода аз маводи таркандаи сеюм омодагӣ мегирфтанд» ва маргталаби нав амали террористиро метавонист каме дуртар аз макони маросимҳои видоъ бо қурбониёни амали террористӣ анҷом диҳад.

Ба иттилои манбаъ, аксари гумонбаршудагон ба амали террористӣ дар метрои Петербург ҳамдиёрони зодаи вилояти Оши Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов мебошанд.

Зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.