Семоҳаи аввал камбуди буҷет 145 млн. сомониро ташкил дод

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 млрд. 862 млн. сомониро ташкил додааст. Дар маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2,9% камтар аст. Ин маънои онро дорад, ки давоми се моҳи аввали соли 2017 ба буҷет ворид шудани 5 млрд. 7 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 млрд. 862 млн. сомониро ташкил додааст.

Дар маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2,9% камтар аст.

Ин маънои онро дорад, ки давоми се моҳи аввали соли 2017 ба буҷет ворид шудани 5 млрд. 7 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, вале ба мақомоти молия ҷамъоварии 145 сомонӣ ба нафъи буҷет муяссар нагардидааст.

Тамоили камбуди буҷети давлатӣ тайи се соли ахир пайдарпай ба мушоҳида расида, аз нақшаи пешбинишуда мунтазам ба буҷет 3-4% камтар маблағ ворид мегардад.

Сарфи назар аз тавсияҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ қотеъона бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро рад мекард. Аммо дар моҳи охири соли 2015 ба мақомоти молия муяссар шуд, ки натанҳо ба иҷрои буҷет, балки иҷрои барзиёди он аз рӯи даромадҳо муваффақ шаванд.

Баъдан маълум шуд, ки дар ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо бо ҷудо кардани 66 млн. доллари ИМА баҳри дастгирии буҷети давлатӣ кумак кардаанд.

Соли 2016 камбуди буҷети Тоҷикистон беш аз 781 млн. сомонӣ (100 млн. доллар бо қурби аввали соли 2017)-ро ташкил дод. Дар Вазорати молия сабабҳои онро ба коҳиши идомадоштаи муомилоти моли хориҷӣ нисбат медиҳанд, ки бар асари он маблағҳои пешбинишуда аз пардохтҳои гумрукӣ ворид намешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 19,4% (131,7 млн. доллар) кам шуда, ҳамагӣ 545,5 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.