Пас аз сукути тӯлонӣ бо симдевор маҳкам шудани атрофи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш лоақал хатари ҳалокшавии чорвои сокинонро зоҳиран аз байн бурд. Вале коршиносони аз корҳои иҷрошуда то андозае норозӣ комилан бехавф ҳисобидани мавзеи мазкурро барои муҳити зист ҳанӯз хеле барвақт медонанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Аз рӯйи нақли Мурод Алиев, раиси деҳаи Янгиери ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, чорвои мардум солҳои пеш бинобар истеъмоли алафи дохили партовгоҳ ва кӯлмаки заҳрогини борон гоҳо ба ҳалокат мерасиданд. “То ҷое ман медонам, фақат аз ҷамоати мо гови се кас мурда буд”, – афзуд ӯ.
Сокини дигари ҳамин ноҳия аз ҷамоати Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани ном гуфт, ки ӯ ҳоло ҳам аз эҳтиёт кор мегирад. Вай афзуд: “Атрофи партовгоҳи заҳрхимикатҳо алафи баланди сершира дошта бошад ҳам, ҳамеша фарзандонамро таъкид мекунам, ки бузу гӯсфандонро чанд километр аз он мавзеи хавфнок дур чаро диҳанд. Ҳарчанд он ҷо ҳозир маҳкам аст, аммо ҳам барои писаронам ва ҳам барои чорвои бо заҳмат ёфтаам тарс дорам”.
Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Вахш Зайнулло Сафаров низ зимни суҳбат бо мо таъйид кард, ки солҳои пеш аз сабаби бе дару дарвоза будани партовгоҳ ҳодисаҳои фавти чорво рух медодааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
“Мардуми маҳаллӣ ҳам мол мечаронданду ҳам “гӯрхона”-ҳоро кофта, заҳрҳояшонро дар боғу киштзор истифода мебурданд”, – гуфт сарвари партовгоҳи болозикр Саидқул Достиев ва таъкид кард, ки он ҷо заҳрхимикатҳое гӯронида шудаанд, ки тибқи Конвенсияи Стокголм истеҳсол, фурӯш ва истифодаашон қатъиян манъ буда, пас аз 100 сол ҳам қобилияти зараррасонияшонро нигоҳ медоранд.
Дар ҳамин ҳол масъулон иддао доранд, ки вазъ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳо ахиран хеле беҳбуд ёфтааст.
– Солҳои 2008-2010 ин қабристони заҳрхимикатҳо ба мувозинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ гузашт, – мегӯяд муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҳабибулло Қодиров. – Аз ҳамон вақт то ҳол он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
-Қабристони заҳрхимикатҳои ноҳия солҳои зиёд вазъи ногувору хатарзо дошт, – изҳор кард раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло зимни як вохӯрӣ. – Мо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ атрофи онро маҳкам карда, барои нигаҳдории заҳрхимикатҳое, ки дар халтаҳо оварда шудаанд, анбор сохта, дар масоҳати панҷ гектар дарахтони гуногун шинонидем.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Воқеан, 28-уми марти соли 2017 инҷониб аз партовгоҳ дидан карда, мушоҳида кард, ки дар қиёс ба боздиди нахустин (соли 2009) он ҷо якчанд дигаргунии мусбӣ амалӣ гардидааст. Ба гунаи мисол, атрофи партовгоҳ маҳкам карда шуда, он бо дурбинҳои назоратӣ, хати озоди барқ ва оби истеъмолию полезӣ таъмин гардида, барои се посбон ҷойи будубош бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории заҳрҳои кимиёии аз дигар ноҳияҳо интиқолшаванда ҳам як анбори одӣ сохта шудааст. Аммо заҳру хоки зараровари худи мавзеъ ҳанӯз ҳам болокушодаю дастнакофта боқӣ мондааст.
Ва дар истинод ба масъулони қаблан зикршуда дар кадом минтақаи вилояти Хатлон заҳр вуҷуд дошта бошад, ҳамагӣ бояд ба партовгоҳи ноҳияи Вахш кашонда шаванд. Лек аз рӯйи мушоҳидаи мо, дар ин мавзеъ барои қабулу безараргардонии заҳрхимикатҳо ҳанӯз ҳам шароити зарурӣ муҳайё нагардидааст. Як анбору ду контейнере, ки он ҷо мавҷуд аст, аллакай бо халтаҳои пур аз дусту хоки анбори заҳрхимикатҳои деҳаи Островскийи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун банд ҳастанд. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфти сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун Тоҷиддин Ғафуров, он анбор, ки ба хонаи сокинон хеле наздик аст, ба таври нокифоя безарар гардонида шудааст. “Ҳадди ақалл як метр хокро бояд канда, ба партовгоҳи заҳрҳои кимиёии ноҳияи Вахш барем”, – изофа кард вай.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Чунин анборҳо, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон кам нестанд, феълан бинобар аз замони шӯравӣ заҳролуд гардонидани ҳудудҳои қобили мулоҳиза дар навоҳии Панҷ, Хуросон, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба як мушкили душворфайсала табдил ёфтаанд. Масъала боз аз он ҷиҳат чигил аст, ки он заминҳои партобшударо иддае аз сокинони ба хатар бепарво бо ҳар мақсад истифода кардан мехоҳанд. Чунончи, камобеш якуним сол қабл чор оила то дахолат накардани мақомоти зирабт анбори заҳрхимикатҳои ноҳияи Ҷайҳунро макони сукунат қарор дода буданд. Ва дар такя ба мушоҳидаҳои Ҳабибулло Қодиров, заҳри дуст ба саломатии фарзандони онҳо таъсири амиқ расонида будааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Ин аст, ки Саидқул Достиев тадбирҳои то имрӯз матраҳгардидаро дар бобати фароҳамсозии шароити созгори нигаҳдории заҳрхимикатҳо қаноатбахш намеҳисобад. Ба андешаи ӯ, рӯйи ин мавзеъ бояд ақаллан бо плёнкаи махсуси ғафс пӯшонида шавад.
Профессори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев, ки солиёни дароз ба пажуҳиши партовгоҳҳои заҳрҳои кимиёии Тоҷикистон машғул аст, саркушода боқӣ гузоштани ин мавзеъ ва сари вақт накашонидани хоки зараровари анборҳоро хеле хатарзо арзёбӣ кард. “Мувофиқи меъёрҳои байналминалӣ “гӯрхона”-и заҳрхимикатҳо бояд бо бетон маҳкам карда шавад. Аммо беҳтар аст, агар заҳхимикатҳо бо усули махсус сӯзонида шаванд. Чунин имконият дар Олмон ва Фаронса муҳайёст, лекин барои татбиқи он маблағҳои ҳангуфт лозим. Биноан, мо метавонем таҷрибаи Озорбойҷонро истифода барем. Яъне “гӯрхона”-ҳои заҳрҳоро аз шаш тараф бетонпӯш кунем. Ин ба он хотир аст, ки чанги заҳр тавассути шамол, борон ва ҳоказо ба муҳити зист паҳн нашавад. Агар чанги он ба бадани чорво нишинад, вай мемирад. Ё дар сурати истеъмоли алафҳои атроф шираш заҳролуд мешавад”, – изофа кард доктори илмҳои кишоварзӣ.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Ҳарчанд дар қиёс ба солҳои 1992-2014 бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ тайи се соли охир дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш як қатор тадбирҳое, ки болотар зикрашон рафт, роҳандозӣ шуданд, вале ин мавзеъ ба бехатарии муҳити зист ҲАМОНО ТАҲДИД КАРДА ИСТОДААСТ. Пас, месазад, ки масъулони соҳа бо ба инобат гирифтани тавсияҳои мутахассисон мувофиқи имконоту иқтидор ақаллан марҳила ба марҳила чораҳои муайян рӯйи кор оваранд. Зеро яқинан саҳлангорӣ дар муқобили мушкилоти табиат – “хонаи умумии мо” ҷабр бар худи мост.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
(Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи Зокир Ҳасан вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад)


