Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, ташрифи ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия рост меояд, таконбахши рушди равобити ҳасана дар замону арсаҳои нав, арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвари мо наздики 30 фоизро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот имконияти иштироки ҷониби Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ба манфиати ҳарду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, муҳокима карда шуд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, инчунин сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардид.
Баъди анҷоми вохӯрӣ бо президент Рамазон Абдулатипов зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки гурӯҳи иқтисодчиёни тоҷик ба Доғистон сафарбар карда шаванд, то ки имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро омӯзанд.
Ӯ таъкид дошт, ки аз рӯи нишондиҳандаи рушди саноат ва комплекси агросаноатӣ Доғистон дар даҳгонаи аввали минтақаҳои Русия қарор дорад.
Роҳбари Доғистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки мувофиқи имкон донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Доғистон қабул шуда, ҳамчунин ба омодагии дастаи олимпии гуштигирони Тоҷикистон кумак расонида хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон (солҳои 2005-2009), феълан роҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов «Мой таджикский народ» (Халқи тоҷики ман) доир мегардад.


