АНОНС
– Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими расмии анҷомиРӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғозз соати 18:00;
– Даври даҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон. Дар Фархор «Ҳосилот» чемпиони амалкунанда «Истиқлол»-и Душанберо қабул мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.4998 сомонӣ;
1 евро – 9.2197 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1512 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат
2016 — Дар шаҳри Турсунзода маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон (CASA-1000) шурӯъ шуд.
1927-2001 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова
1937 – Мавлуди овозхони эстрада, муассиси нахустин ансамбли эстрадии «Гулшан», Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Орифшо Орифов.
1950 – Зодрӯзи доктои илмҳои ҳуқуқшиносӣ, арбоби давлатӣ, профессор Шавкат Исмоилов (раиси Суди Олӣ, вазири адлия, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният).
1964 – Мавлуди олим Мансур Саидов.
1968 – Зодрӯзи журналист Муҳаммади Шоҳ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +12+17.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +26+31.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.


