Кумаки низомии ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 6 млн. доллар

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович ва муовини якуми раис – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар маросими тантанавии супоридани кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва камераҳои гармидиҳӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иштирок карданд.  […]

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович ва муовини якуми раис – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар маросими тантанавии супоридани кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва камераҳои гармидиҳӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иштирок карданд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ хабар доданд, ин кӯмак барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон, истифода бурда мешавад. 

Сафир Элизабет Миллард дар маросими супоридани кӯмак зикр намуд, ки ҳамкории байни ИМА ва Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи тарафайн дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад, мусоидат менамояд.

Ӯ қайд намуд, ки қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фуруши маводи мухаддир бадастовардашуда, аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.  

Қобили зикр аст, ки ҳамаи ҷузъиёти таҷҳизот тавассути Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шудааст, ва чунин грантҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои давомдори ИМА баҳри  мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Аз соли 2006 ин ҷониб, Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА зиёда аз 155 млн. доллари ИМА-ро барои таҷҳизот, омӯзиш ва инфрасохтор, ки ба таҳкими худкифоӣ, қудрат ва самаранокии фаъолияти мақомоти соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.