Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Маросими расмии анҷоми Фестивали байнулмилалии мусиқии «Садои дилрабои арғунун» (Волшебные звуки органа) дар Душанбе. Оғоз соати 18:00; – Барномаи Фестивали VI байнулмилалии театрҳои ҷавонони «Нигоҳи нав»; 11:00 спектакли «Неужели менят нет» (Театри ба номи Вл.аяковский); 19:00 спектакли «Хуни мурда» (Гурӯхи ҳунарии Эрон). Макони баргузорӣ: Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов; – Бозии даври 5-уми […]

Asia-Plus

АНОНС

– Маросими расмии анҷоми Фестивали байнулмилалии мусиқии «Садои дилрабои арғунун» (Волшебные звуки органа) дар Душанбе. Оғоз соати 18:00;

– Барномаи Фестивали VI байнулмилалии театрҳои ҷавонони «Нигоҳи нав»; 11:00 спектакли «Неужели менят нет» (Театри ба номи Вл.аяковский); 19:00 спектакли «Хуни мурда» (Гурӯхи ҳунарии Эрон). Макони баргузорӣ: Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов;

– Бозии даври 5-уми мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи «D»: «Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон). Бишкек, оғози бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4990 сомонӣ;

1 евро – 9.3990 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.

2012 — Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.

1934 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.

1948 – Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.

1964 – Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.

1973 — Мавлуди журналист Хуршед Андамов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +33+35.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио