Ғолибони озмуни ҳамасолаи World Press Photo эълон шуданд. Ҳайати ҳакамони озмун ҷоизаи асосиро ба аксбардори турк Бурҳон Озбилиҷи, ки ба ӯ аксбардории қотили сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов дарҳол баъди куштани сафир муяссар шуд, сазовор донист.
Миёни дигар ғолибони озмун 45 аксбардор аз 25 кишвар, аз ҷумла 4 нафар аз Русия ҳузур доранд, ки дар Ироқу Эрон, Украина, Куба ва Русия аксбардорӣ кардаанд.
Озмуни маъруфи журналистикаи аксбардорӣ World Press Photo шурӯъ аз соли 1955 гузаронида шуда, имсол ҳайати ҳакамон беш аз 80 ҳазор адад аксҳо аз аксбардорони 125 кишвари дунёро мавриди омӯзишу баҳогузорӣ қарор доданд. Намоиши аксҳои ғолибони озмун ҳамасола дар 45 шаҳрҳои ҷаҳон доир мегардад. Аксҳои асосӣ тибқи фарзияи World Press Photo-ро дар фотогалерия манзуратон мегардонем.