Баррасии масоили савдои наздимарзӣ миёни тоҷикону қирғизҳо

Date:

Сокинони ҷамоатҳои фаромарзии Тоҷикистону Қирғизистон бар ин назаранд, ки савдои наздимарзӣ натанҳо ба суботи вазъ ва таҳкими эътимод, балки ба ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳар як оила низ мусоидат карда метавонад.

Вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ду ноҳияи наздимарзӣ – Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Лайлак (Қирғизистон), ки рӯзи 27 май дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон доир гардид, бори дигар ин гуфтаҳоро собит намуд.

Бо пайдо шудани истеҳсолоти нав ва рушди саноат савдо такмил ва номгӯи маҳсулот зиёд мешавад. Барои бисёре аз хонаводаҳо савдо имрӯз ҳам сарчашмаи асосии даромади оила ба шумор меравад ва ҳукуматдорон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ба нигаҳдорӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ ҳамаҷониба кумак мекунанд.

– Бо мусоидат ба ҳалли мушкилдот, аз ҷумла дастгирии талошҳо барои рушди савдои наздмарзӣ миёни ҷамоатҳои тоҷикону қирғизҳо, мо ба мардум барои болоравии сатҳи зиндагиашон кумак карданием, – мегӯяд мушовири лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба савдо» Баҳром Файзуллоев.

Меҳмононро Абдуҷалил Ортиқов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва корманди масъули ҳукумати ноҳияи Лайлак Додоҷон Ниёзов шодбош гуфта, дар бораи вазъ ва дурнамои рушди савдои наздисарҳадӣ миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду кишвар аз ҷониби Қирғизистон мутахассиси лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои ноил гардидан ба суботи устувор ва рушд» Сарвар Турдибоев ва аз ҷониби Тоҷикистон раиси Маркази дастгирии ҷамати Хистеварз Мунир Аминов маълумот доданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...