Баррасии масоили савдои наздимарзӣ миёни тоҷикону қирғизҳо

Сокинони ҷамоатҳои фаромарзии Тоҷикистону Қирғизистон бар ин назаранд, ки савдои наздимарзӣ натанҳо ба суботи вазъ ва таҳкими эътимод, балки ба ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳар як оила низ мусоидат карда метавонад. Вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ду ноҳияи наздимарзӣ – Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Лайлак (Қирғизистон), ки рӯзи 27 май дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон доир […]

Неъматулло Мирсаидов, Asia-Plus

Сокинони ҷамоатҳои фаромарзии Тоҷикистону Қирғизистон бар ин назаранд, ки савдои наздимарзӣ натанҳо ба суботи вазъ ва таҳкими эътимод, балки ба ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳар як оила низ мусоидат карда метавонад.

Вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ду ноҳияи наздимарзӣ – Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Лайлак (Қирғизистон), ки рӯзи 27 май дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон доир гардид, бори дигар ин гуфтаҳоро собит намуд.

Бо пайдо шудани истеҳсолоти нав ва рушди саноат савдо такмил ва номгӯи маҳсулот зиёд мешавад. Барои бисёре аз хонаводаҳо савдо имрӯз ҳам сарчашмаи асосии даромади оила ба шумор меравад ва ҳукуматдорон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ба нигаҳдорӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ ҳамаҷониба кумак мекунанд.

– Бо мусоидат ба ҳалли мушкилдот, аз ҷумла дастгирии талошҳо барои рушди савдои наздмарзӣ миёни ҷамоатҳои тоҷикону қирғизҳо, мо ба мардум барои болоравии сатҳи зиндагиашон кумак карданием, – мегӯяд мушовири лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба савдо» Баҳром Файзуллоев.

Меҳмононро Абдуҷалил Ортиқов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва корманди масъули ҳукумати ноҳияи Лайлак Додоҷон Ниёзов шодбош гуфта, дар бораи вазъ ва дурнамои рушди савдои наздисарҳадӣ миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду кишвар аз ҷониби Қирғизистон мутахассиси лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои ноил гардидан ба суботи устувор ва рушд» Сарвар Турдибоев ва аз ҷониби Тоҷикистон раиси Маркази дастгирии ҷамати Хистеварз Мунир Аминов маълумот доданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.