Нархҳо ва моҳи Рамазон. Вазъ дар ҷумҳурӣ

Date:

Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорон ваъда дода буданд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боло намераванд,аммо дар рӯзи аввали моҳ арзиши онҳо бамаротиб зиёд шуд.

Душанбе

Пиёз – 1,80-2 сомонӣ, картошка – 3-4,50 сомонӣ, гӯшти гов – 36 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 35 сомонӣ, орди қазоқӣ – 3,60 сомонӣ барои 1 кило, қаланфури булғорӣ – 12-14 сомонӣ барои 1 кило, равғани «Олейна» – 50 сомонӣ барои 5 литр, шакар – 7,75 сомонӣ, помидор – 5-6 сомонӣ, шир – 4 сомонӣ барои 1 литр, тухм – 18-22 сомонӣ барои 1 қуттӣ (30 дона).

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Қӯрғонтеппа

Картошка – 5 сомонӣ (пеш 3 сомонӣ), гӯшт – 36 сомонӣ (қаблан 33 сомонӣ), помидор – 6 сомонӣ (пеш 3 сомонӣ), бодиринг – 1,5-2 сомонӣ (пеш аз ин 1 сомонӣ), шакар – 7-7,5 сомонӣ, орд – 155-160 сомонӣ (1 халтаи 50 кило).

Хоруғ

Картошка – 6 сомонӣ, гӯшт – 29-30 сомонӣ, биринҷ – аз 12 то 20 сомонӣ, пиёз – 3,5 сомонӣ, равғани растанӣ – 12 сомонӣ, шир – 5 сомонӣ барои 1 литр, тухм – 90 дирам барои 1 дона, помидор – 8 сомонӣ, бодиринг – 6 сомонӣ, харбуза (ҳандалак) – 12 сомонӣ.

Хуҷанд

Гӯшти беустухон – 45 сомонӣ (пеш аз ин 40 сомонӣ), гӯшти маъмулӣ – 35 сомонӣ (пештар – 32 сомонӣ), картошка – 5-6 сомонӣ (қаблан 4 сомонӣ), шир – 3 сомонӣ, тухм – 65-70 дирам барои 1 дона, шакар – 7 сомонӣ, равғани растании «Маслёна» – 11 сомонӣ (1 литр), равғани пахта – 48 сомонӣ (5 литр), бодиринг – 1,5 сомонӣ, зардолу – 5 сомонӣ, 1 кило орд – 3 сомонӣ, сабзӣ – 4-5 сомонӣ.

Кӯлоб

Гӯшт – 35-36 сомонӣ (пеш аз ин 32-33 сомонӣ). Дар ин ҷо болоравии нархи биринҷро интизорӣ дошта, нархҳо ба равған, картошка, пиёз, сабзӣ, шакар ва дигар маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввал аз оғози моҳи Рамазон зиёд нашудааст.

Назари коршинос

– Талабот пешниҳодро ба вуҷуд меорад, – мегӯяд иқтисодчӣ Самиҷон Носирҷонов. – Агар бо болоравии нархҳо мубориза бурда, ҳамзамон қурби евро барои зиёд кардани нархи бензин низ боло равад, то ки аз аксиз фоидаи бештар ба даст оварда шавад, пас ин роҳи ҳалли масъала нест. Агар давлат хостори нархҳои паст бошад, пас ба он мусоидат кардан зарур аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...