Тағйироти кадрӣ дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон

Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили марбут ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокуророни шаҳру […]

Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили марбут ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокуророни шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Сарбанд, Истаравшан, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва Прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъин карда шуданд. Ҳамчунин як қатор сардорони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъин гардиданд.

Ҳамчунин дар машварат бо қарорҳои ҳукумати ҶТ Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа” ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

Ғайр аз ин, дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахти мамлакат бо нерӯи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кӯмаки ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон низ баррасӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.