Дар машқгоҳи Тоҷикистон «Искандар»-ҳои Русия партоб шуданд

Шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имрӯз дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карданд. Тавре ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Ярослав Рошупкин хабар додааст, мушаки партобшуда издиҳоми ҷангиёни эҳтимолӣ дар макони муқарраршударо нобуд кардааст. Хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додааст, ки бори нахуст аст, ки шабакаҳои […]

Шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имрӯз дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карданд.

Тавре ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Ярослав Рошупкин хабар додааст, мушаки партобшуда издиҳоми ҷангиёни эҳтимолӣ дар макони муқарраршударо нобуд кардааст.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додааст, ки бори нахуст аст, ки шабакаҳои мушакии "Искандар-М” берун аз ҳудуди Русия мушак партоб мекунанд. Мушаки «Искандар-М» ба нобуд кардани ҳадаф дар масофаи то 500 километр қодир аст. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Имрӯз дар доираи марҳилаи хотимавии тамринҳо воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсуси Русия дар майдонҳои баландкӯҳи машқгоҳи «Ҳарбмайдон», 15 км дуртар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон фуруд омада, бо кумаки авиатсияи бесарнишин ба корҳои кашфу ошкор кардани ҳадафҳо дар ин мавзеъ ва нобуд кардани онҳо оғоз намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни тамринҳои зиддитеррористии мазкур ҳудуди 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши Русия, беш аз 3 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда, беш аз 300 адад авиатсияи ҷангӣ, аз ҷумла 30 ҳавопаймо ва чархболҳо, техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.