Кумаки мушовирони байнулмилалӣ ба солимгардонии «Тоҷиксодиротбонк»

Мушовирони ширкати байнулмилалии Alvarez&Marsal аллакай муддати як ҳафта аст, ки ба таҳлили вазъи ҷории «Тоҷиксодиротбонк» машғуланд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, гурӯҳи мушовирони Alvarez&Marsal  иборат аз 7 нафар аз 23 май дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ширкати мазкур ба таҳияи нақшаи солимгардонии вазъи молиявии бонк машғул шуда, ин корҳо дар доираи дастгирии технкии […]

Мушовирони ширкати байнулмилалии Alvarez&Marsal аллакай муддати як ҳафта аст, ки ба таҳлили вазъи ҷории «Тоҷиксодиротбонк» машғуланд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, гурӯҳи мушовирони Alvarez&Marsal  иборат аз 7 нафар аз 23 май дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Ширкати мазкур ба таҳияи нақшаи солимгардонии вазъи молиявии бонк машғул шуда, ин корҳо дар доираи дастгирии технкии Бонки аврупоии таҷдиду рушд амалӣ мешавад.

Мушовирони Alvarez&Marsal айни замон вазъи молиявии «Тоҷиксодиротбонк»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, бо анҷоми ин корҳо доир ба роҳу воситаҳои пурсамари солимгардонии вазъи бонк тавсияҳо пешниҳод хоҳанд кард.

«Бонк соли 2016-ро бо натиҷаи манфӣ чамъбаст намуда буд, вале фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли равон бо нишондиҳандаи мусбати  5,7 млн. сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки ин яке аз нишонаҳои рӯ ба солимгардонӣ ниҳодани вазъи молиявии бонк ба ҳисоб меравад, – изҳор доштааст дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор раиси Раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Пирзода.

Пирзода зикр кардааст, ки феълан бонк фаъолияти худро дар доираи Стратегияи аввали сол таҳияшудаи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2019 ба роҳ мондааст.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов масоили марбут ба вазъи кунунии ин бонкҳо баррасӣ шуданд.

«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз оғози соли гузашта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ назди мизоҷон баромада наметавонанд. Маъмурияти муваққатии БМТ соли гузашта ба ислоҳи вазъ дар ин бонкҳо шурӯъ карда, ҳукумат низ ба ин бонкҳо ҷиҳати ислоҳи вазъ дар маҷмӯъ 3 млрд. 320 млн. сомонӣ кумак кард.

Alvarez & Marsal (A&M) яке аз ширркатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи идораи зиддибуҳронӣ, лоиҳаҳо оид ба бозсозӣ, муфлисшавӣ ва беҳбуди самаранокии амалиётӣ мебошад. Ширкат дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Амрикои Лотинӣ кор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.